Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназаров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд ба сиёсати шарикии стратегӣ бо Русия идома бахшида, ба ин муносибатҳо арҷ бигузорад.
«Ин хеле муҳим буда, бо доштани чунин шарики бузургу пурқувват Тоҷикистон ҳамеша имкони тавсеъаи ҳамаҷонибаи нуфузи худро дошта, дар самти муътадил рушд хоҳад кард», – иброз дошт ӯ зимни нишасти хабарии имрӯза.
Роҳбари МТС тавсия дод, ки ба изҳороти манфӣ нисбати Тоҷикистон, ки гоҳ-гоҳ дар ВАО-и Русия садо медиҳанд, набояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, зеро ин изҳорот аз ҷониби шахсоне сурат мегирад, ки ба сиёсати расмии Русия ҳеҷ муносибате надоранд.
«Ба ин вокуниш нишон додан лозим нест. Дар баъзе шабакаҳои телевизиони Русия нисбати Тоҷикистону тоҷикон тамоили манфӣ вуҷуд дорад. Мо инро мушоҳида мекунем, вале вокуниш нишон нахоҳем дод, чунки ин шабакаҳо хусусианд. Бадхоҳони Тоҷикистон ҳама ҷо ҳастанд», – афзуд номбурда.



