Қосимов: Одамон тахминӣ ба мансабҳои баланди давлатӣ таъин намешаванд

Директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов ба андешаи тағйири ҳайати раҳбарии сохторҳои воломақоми давлатӣ ба гунае на беш аз ҷойивазкунӣ қотеъона розӣ нест. «Ин тавр набуд ва шуда ҳам наметавонад», – изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарии имрӯза. Ба гуфтаи ӯ, ба вазифаҳои раҳбарӣ бисёр афроди нав таъин шуда, дар тамоми вазорату […]

Пайрав Чоршанбиев


Директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов ба андешаи тағйири ҳайати раҳбарии сохторҳои воломақоми давлатӣ ба гунае на беш аз ҷойивазкунӣ қотеъона розӣ нест. «Ин тавр набуд ва шуда ҳам наметавонад», – изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарии имрӯза.

Ба гуфтаи ӯ, ба вазифаҳои раҳбарӣ бисёр афроди нав таъин шуда, дар тамоми вазорату идораҳо як ё ду муовинон бори нахуст сари мансаб омадаанд. «Айни замон мо таъиноти ахирро мавриди таҳлил қарор дода, натоиҷи он ояндаи наздик манзури ҳамагон мегардад», – қайд кард ӯ.

Гузашта аз ин, Қосимов бар ин назар аст, ки афроди дорои таҷрибаву дониши муайянро пас аз сабукдӯшӣ аз мансаб мебояд дар ҷойе ба кор машғул шуд. «Дар аз мансаб сабукдӯшиву ба вазифаи дигар таъин шудани шахсе ман ҳеҷ бадиеро намебинам, охир шахсро дар кӯча ҳам партофтан хуб нест-ку. Афроде, ки ба мансаби ишғолкардаашон мувофиқ нестанд, табиист, ки аз кор озод мегарданд», – иброз дошт раиси Агентӣ.

Қосимов зикр кард, ки «ҳеҷ касе одамонро тахминӣ аз кӯча бидуни донишу таҷрибаи дахлдор ба мансабҳои баланди давлатӣ таъин намекунад».

Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти ҶТ Абдулҳаким Розиқзода бо дастгирӣ аз гуфтахои Қосимов дар ин маврид зикр кард, ки «барои ишғоли мансабҳои баланди давлатӣ шахс бояд зинаҳои муайянеро паси сар намуда, таҷрибаву малакаи зарурӣ биандӯзад».

«Агар дар бораи афроде, ки қаблан бесалоҳиятӣ зоҳир намуданд, ҳарф бизанем, пас ҳукумат кайҳо муносибаташро бо онҳо муайян кард. Табиист, ки нисбати афроди қаблан мансаби муайянеро ишғол кардаву ба иштибоҳоти ҷиддӣ роҳдода ё ҷиноят содирнамуда рафтору кирдор ҳам  ба ҳамон гуна мешавад», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.