Вакилони ҲНИТ боз тағйирот ба қонунгузории интихоботро пешниҳод карданд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ бори навбатӣ ба Шӯрои палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конситутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро пешниҳод карданд. Саидумар Ҳусайнӣ, яке аз муаллифони ин тағйироту илова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироту илова […]

Аваз Юлдошев


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ бори навбатӣ ба Шӯрои палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конситутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро пешниҳод карданд.

Саидумар Ҳусайнӣ, яке аз муаллифони ин тағйироту илова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироту илова дар мавриди бекор кардани банди ба номзадӣ пешбарӣ шудани танҳо шаҳрвандоне, ки муддати 5 соли ахир дар Тоҷикистон иқомат доштанд ва иҷозат додан ба пешбарии номзадҳои шоистаи дар хориҷи кишвар қарордошта, аз 45 рӯз то ба 60 рӯз дароз кардани муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихобот ва бо пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати КМИР ворид шудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз ҷониби президент пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи Ҳусайнӣ, дар тағийрот пешниҳод мешавад, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ бояд ҳатман ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил карда шаванд. «Ғайр аз ин, тағйироти мазкур комиссияҳои интихоботии қитъавиро уҳдадор месозад, ки дарҳол пас аз ҳисобу китоби овозҳо ва таҳияи протоколи дахлдор нусхаи тасдиқшудаи онро ба нозирони аҳзоби сиёсӣ, намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод намоянд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.