Шабдолов: Аз марз дур кардани нерӯҳо тасмими оқилонаи ҷонибҳо аст

Тасмими аз марзи давлатӣ ба макони таъиноти доимӣ интиқол додани воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии кишварҳо, ки чанде қабл дар Исфара сари он тавофуқ ҳосил шуд, ягона тасмими оқилонаи ҷонибҳо аст. Ин нуктаро дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов зикр кард. «Дар ин вазъ сарбозони […]

Аваз Юлдошев


Тасмими аз марзи давлатӣ ба макони таъиноти доимӣ интиқол додани воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии кишварҳо, ки чанде қабл дар Исфара сари он тавофуқ ҳосил шуд, ягона тасмими оқилонаи ҷонибҳо аст. Ин нуктаро дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов зикр кард.

«Дар ин вазъ сарбозони ҷавонони мусаллаҳро, ки ҳанӯз аз таҷрибаи зиндагӣ ба таври кофӣ бархӯрдор нестанд, набояд рӯ ба рӯи ҳам гузошт», – иброз дошт Шабдолов.

Ба андешаи ӯ, тибқи маълумоти расмӣ, муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо сабаби мушаххас набудани қаламравҳои ҳарду ҷониб рух медиҳанд, вале бо камоли итминон метавон гуфт, ки ин низоъҳо бар асари истифодаи захираҳои обӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

«Имрӯз Тоҷикистону Қирғизистонро зарур аст, ки мудом дар муколамаи сиёсӣ буда, далелу бурҳонҳои худро оид ба минтақаҳои баҳсӣ на бо нишон додани зӯри бозу, балки бо харитаву ҳуҷҷатҳо асоснок намоянд», – зикр кард раиси ҲКТ.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки ҳангоми узвият ба СММ тамоми кишварҳои дунё далели ҷой надоштани даъвоҳо оид ба қаламрави кишвари дигарро тасдиқ намуда, марзҳои мавҷударо дахлнопазир эътироф мекунанд. «Дар сурати акс онҳоро ба узвияти СММ қабул намекунанд. Зимни узвият ба СММ Тоҷикистону Қирғизистон ҳатман ин маросимҳоро паси сар кардаанд», – афзуд Шабдолов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.