Мулоқоти дӯстонаи вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони ИДМ

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Русия бо даъват ба субҳонаи корӣ мулоқоти дӯстона орост. Дар ин бораи хадамоти матбуоти ВКХ Русия хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар мулоқоти мазкур сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ иштирок доштааст. Бино ба иттилои ВКХ […]

ASIA-Plus


Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Русия бо даъват ба субҳонаи корӣ мулоқоти дӯстона орост. Дар ин бораи

хадамоти матбуоти ВКХ Русия

хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти мазкур сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ иштирок доштааст.

Бино ба иттилои ВКХ Русия, дар мулоқот масоили рӯзмарраи байнулмилалӣ, ҳамкориҳои кишварҳо дар чаҳорчӯби ИДМ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду сиёсат ва соҳаи гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар хабари ВКХ Русия зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дурнамои рушди равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ табодули назар намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки

рӯзи 14-уми январ

вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Григорий Карасин оид ба ҷаласаи ғайринавбатии Бонки Ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар шаҳри Вашингтон баргузор мегардад, барпо шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.