Аз рӯзи сар задани муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамаи 24 ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шахри Исфара дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам бо аҳолӣ кор бурда, аз онҳо даъват ба амал меоваранд, ки ба иғовогариҳо дода нашаванд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Сурх, Ворух ва Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ чор гурӯҳи мукаммали тарғиботию ташвиқотӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо мунтазам дар байни мардум корбарӣ карда, аҳолиро асосан оид ба мавқеи устувори ҳукумат дар масъалаи мазкур, риояи якпорчагӣ ва дахлнопазирии он, фароҳам овардани ҳамаи шароит оид ба кору зиндагӣ шинос мекунанд. То ин дам аз тарафи гурӯҳи корӣ зиёда аз 109 мулоқоту вохӯриҳо доир карда шудааст.
«Бо дарки зарурият ва истифодаи имкониятҳо кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷалби нерӯи аъзоён дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки аввалан аҳолӣ ва қишрҳои ниёзмандро бо пӯшокаву маводи ғизоӣ, маблағҳои пулӣ ва маводи сӯхт таъмин созад. Инчунин дар деҳаҳои Чоркӯҳу Ворух ва Хоҷаи Аъло дар ҳамҷоягӣ бо ҷамъияти матлуботи ноҳия бо нархи арзон молҳои ниёзи аввалия ба фурӯш бароварда шуд», – омадааст дар иттилои сомонаи расмии ҳизб.



