Қадрдонии фаъолони ҲХДТ аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта

Дар толори хурди Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷараён дорад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар маҷлис ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизб дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014, гузориш оид ба фаъолияти Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти […]

Аваз Юлдошев


Дар толори хурди Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар маҷлис ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизб дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014, гузориш оид ба фаъолияти Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Тавре роҳбари маркази матбуоти ҲХДТ Усмон Солеҳов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба анҷумани навбатии ҳизб дар моҳи декабри соли ҷорӣ низ баррасӣ мешаванд, ки дар он номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати минбаъда тибқи рӯйхати ҳизбӣ муқаррар карда мешаванд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки баргузории маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ахир моҳи феврал – аввали моҳи марти соли 2015 дар назар аст. «Ғайр аз ин, имрӯз ба як гурӯҳи фаъолони ҳизб ифтихорномаҳои КИМ ҲХДТ ва туҳафҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд», – афзуд номбурда.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 237 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.