Суғд: Боздошти корманди Раёсати АНМН ба гумони нашъаҷаллобӣ


Корманди Раёсати Агентии маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии ааводи мухаддир боздошт шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии ҷамбасти сол сардори Раёсати мазкур Ҳалимҷон Маҳмудов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз корманди Раёсат А.А., ҳамчунин ду нафар ҳаммаслакони ӯ – шаҳрвандони қаторӣ низ дастгир шудаанд. «Аз корманди Райсати АНМН дар вилоят ҳудуди 4 кило маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира гардид, ки беш аз 1 килояшро героин ташкил дод», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки гурӯҳи тафтишотии Раёсати АНМН ва прокуратураи вилоят ба тафтиши ин далел машғуланд.

spot_imgspot_img

Популярное