Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз рӯйи далели гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ду корманди воломақоми Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ-ро ба ҳабс гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод, сардори гузаргоҳи гумрукии «Терминал»-и хадамот дар шаҳри Душанбе Анвар Ҳоҷиев ва сардори гузаргоҳи гумрукии «Регар»-и хадамот дар шаҳри Турсунзода Шарифхон Носиров барои мусоидату кумак ҷиҳати ба кор қабул шудан ба хадамоти гумрук аз як шаҳрванди ҷумҳурӣ 15 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардаанд.
Бино ба гуфти манбаъ, ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 13 ҳазор доллари ИМА Ш.Носиров дастгир шуда, тафтиш аз рӯйи далели мазкур идома дорад.



