Иқдоми ҳукумати Шаҳритӯс оид ба дастгирии ҷавонони синни даъват ба хизмат

Ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс маблағгузории таҳсили 50 нафар ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбиро дар курсҳои ронандагӣ бар уҳда гирифтааст. Чуноне раиси ноҳияи номбурда Абдуалим Исмоилов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо Ҷамъияти мададгори мудофиаи ноҳия, тасмим гирифта шудааст, ки 50 нафар ҷавонони синни даъватиро ба курсҳои ронандагӣ ҷалб намуда, ҳамин тариқ, то […]

Сайраҳмон Назриев


Ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс маблағгузории таҳсили 50 нафар ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбиро дар курсҳои ронандагӣ бар уҳда гирифтааст.

Чуноне раиси ноҳияи номбурда Абдуалим Исмоилов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо Ҷамъияти мададгори мудофиаи ноҳия, тасмим гирифта шудааст, ки 50 нафар ҷавонони синни даъватиро ба курсҳои ронандагӣ ҷалб намуда, ҳамин тариқ, то мавсими даъвати баҳорӣ онҳоро барои хизмат омода намоем.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи таҳсили ин ҷавонон барои ҳар як нафар аз 700 то 800 сомонӣ рост омада, то имрӯз алакай 30 нафар ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. «Ин усули кор ба мо даст медиҳад, ки то мавсими даъват қариб 50 дар сади нақшаи даъватамонро омода намоем», – афзуд Исмоилов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.