Захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз 1 млрд. $ зиёд шуд



Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2013 ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон 1 млр. 71,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 10,2% бештар аст.

Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳаҷми тилло дар ҷумҳурӣ 13 тоннаро ташкил дода, соли гузашта захираи тилло 1,4 тонна афзуда шудааст.

Қобили зикр аст, ки захираҳои тилову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.

Ёдрас мекунем, ки захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 972 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 170,4 млн. $ зиёдтар буд. Ҳаҷми захираи тиллову асъори Бонки миллӣ бо суръати хуб меафзояд ва ҳаҷми афзоиши солона ба 20-25% баробар аст.

spot_imgspot_img

Популярное