Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ҷиҳати иштирок дар кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизисон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ имрӯз ба Бишкек раҳсипор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати кишвар хабар доданд, ба ҳайат аъзои ҳукумат, аз ҷумла роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Вазорати корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев шомиланд.
«Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба ва роҳу воситаҳои аз байн бурдани вазъи муташшаниҷ дар марзро, ки бар асари муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ ба миён омад, баррасӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар шаҳри Исфара гуфтушуниди намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ба эътидол овардани вазъ дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатӣ ба итмом расид. Дар гуфтушунид Тоҷикистонро ёвари президент оид ба масоили амният Шералӣ Хайруллоев ва Қирғизистонро намояндаи ваколатдори президенти ин кишвар Анорбек Мамирқулов намояндагӣ кардаанд.
Чун гуфтушунид пушти дарҳои пӯшида сурат гирифт, дар бораи натоиҷи он маълумот дастрас нест. Тибқи баъзе маълумот, дар ин гуфтушунид ҷонибҳо оид ба аз хатти марз дур бурдани нерӯҳои иловагӣ тавофуқ ҳосил намуда, базудӣ ба ин амал оғоз бахшида шудааст.



