Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати раҳбарияти КМ «Зарафшон»



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ директори генералӣ ва директор оид ба масоили молиявии корхонаи муштарак (КМ)-и истеҳсоли тилллои «Зарафшон» – шаҳрвандони Чин Ли Фен ва Лю Даоинро ба рӯйпӯш кардани андозҳо гумонбар медонад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод, зимни санҷиши молиявӣ муайян карда шудааст, ки шахсони номбаршуда даромади воқеии корхонаро дар давраи аз соли 2010 то моҳи июли соли 2012 пинҳон нигоҳ доштаанд.

Ҳамин тариқ, дар ин давра дар ҳаҷми 3 млн. 950,4 ҳазор сомонӣ маблаги андоз пардохт нашудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати шаҳрвандони Чин парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное