А.Ҳукуматулло бидуни интизории моҳи май ба нафақа баромад

Бинобар сабаби ба нафақа баромадан вобаста ба вазъи солимӣ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло аз вазифааш озод карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали корхонаи мазкур Владимир Собкалов хабар дод. Асад Зойиров, собиқ сардори корхонаи зертобеъи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – «Роҳсоз» ба ҷойи Амонулло Ҳукуматулло сардори корхона таъин шудааст. […]

ASIA-Plus



Бинобар сабаби ба нафақа баромадан вобаста ба вазъи солимӣ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло аз вазифааш озод карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали корхонаи мазкур Владимир Собкалов хабар дод.

Асад Зойиров, собиқ сардори корхонаи зертобеъи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – «Роҳсоз» ба ҷойи Амонулло Ҳукуматулло сардори корхона таъин шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар робита ба изҳороти сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло

нигаронии шадид

изҳор намуда буд.

Тайи солҳои ахир нисбати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва оилаи сардори он дар расонаҳо хабарҳои пурсарусадо мунташир гардиданд, ки ба ошкор шудани миқдори зиёди маводи мухаддир дар вагонҳои қатораҳои ин идора, шароитҳои ғайрисанитарӣ дар қатораҳо, рух додани садамаи нақлиёт бо иштироки писари сардори корхона ва мурофиаҳои судии писари калонии сардори корхона – Рустам Ҳукумов бо рӯзномаи «ИмрӯзNews» марбут буданд.

Дар нишасти хабарии ахир Амонулло Ҳукуматулло аз журналистон дархост карда буд, ки ӯро осуда гузоранд ва имкон диҳанд, ки то моҳи май кор карда, оромона ба нафақа равад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.