Имрӯз дар шаҳри Сочии Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин гуфтушунид мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, имрӯз сарони кишварҳо санади тасдиқи созишнома дар бораи шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ба ҳамдигар месупоранд. Ин созишнома зимни сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 ба имзо расида буд.
«Дар мулоқоти имрӯзаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар минтақа табодули назар сурат хоҳад гирифт», – иброз дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми январи соли равон муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов дар нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор карда буд, ки зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 як қатор мувофиқаҳо ҳосил шуда, аз рӯйи натиҷаҳои ин сафар президент ба ҳукумати Русия ҷиҳати амалӣ сохтани ин тавофуқот дастуру супориш додааст, ки як қисмате аз он то ба имрӯз ба иҷро расида, ояндаи наздик
табодули асноди
тасдиқи чанде аз созишномаҳо дар назар аст.



