Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ минбаъд низ дар рушди нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт, – О.Балаян

Date:


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми рӯзи якуми ҷаласаи 29-уми Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ раиси Академияи низомии дифоъи фазоии Русия Олег Балаян изҳор дошт, ки Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ минбаъд низ дар рушди нер


ӯ


ҳои низомии дифои ҳавоии То


ҷ


икистон саҳм хоҳанд гузошт.




Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли равон Русия баҳри таҳкими нерӯҳои низомии дифоъи ҳавоии Тоҷикистон 4 млн. рубли русӣ қарзи бебозгашт ҷудо намудааст. Мавсуф зикр кард, ки айни замон сатҳи омодагии нерӯҳои низомии дифоъи ҳавоии Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои дигари узви ИДМ камӣ надорад.



«Мо омодаем ба Тоҷикистон дар омода сохтани мутахассиони касбии ин соҳа дар муассисаҳои таълимии Русия ҳамаҷониба ёрӣ расонем», – гуфт ӯ.



Котиби кумита, полковники нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Русия Роман Викторов иттилоъ дод, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2008, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли оянда ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар семоҳаи чоруми соли ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.



«Дар ҷаласаи кумита қарор шуд, ки тамринҳои навбатии низомии нерӯҳои ҳарбии дифоъи ҳавоии кишварҳои узви ИДМ тобистони соли оянда дар тамрингоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Русия баргузор хоҳанд шуд», – гуфт Р.Викторов.



Имрӯз иштирокчиёни ҷаласа дар чорабиниҳои методиву омӯзишӣ, ки дар гӯшаи шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид.



Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфармондеҳони нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия, Украина ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...