Имрӯз аъзои нави Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд

Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар дод, маъракаи интихобот дар як вақт дар панҷ ҳавзаи интихоботии кишвар – вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ сурат мегирад. Зимнан зикр гардид, […]



Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар дод, маъракаи интихобот дар як вақт дар панҷ ҳавзаи интихоботии кишвар – вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ сурат мегирад.

Зимнан зикр гардид, ки интихоботи вакилони палатаи болоии парлумон кишвар битдуни алтернатива мегузарад, зеро ба ҷойи 9 вакили хориҷшуда ҳамин шумор номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки раисони нави вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ Абдураҳмон Қодирӣ, Давлатшо Гулмаҳмадов, Шодихон Ҷамшедов ва ҳамчунин раисони шаҳрҳои Кӯлоб – Абдуғаффор Раҳмонов, Турсунзода – Бобоалӣ Табаров, директори генералии ҶСК «НОБ Роғун» – Хайрулло Сафаров, президенти Академияи илмҳои ҶТ – Фарҳод Раҳимов, раисон ноҳияҳои Дарвоз – Саидбурҳон Абдураҳмонов ва Рӯшон – Худоёр Худоёров қаблан бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуданд.

Ҳамаи номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи болои парлумони ҷумҳурӣ аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.

Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.

Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва собиқ раиси ноҳияи Дарвоз Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда, 8 нафарро президент бо фармони худ таъин мекунад. Ғайр аз ин, собиқ президентҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, ки давоми тамоми умр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд. Дар даъвати феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз ин ҳуқуқи худ истифода мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.