Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё

Дар ҳошияи сафари корӣ ба Эрон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Теҳрон бо дабири куллии Ассамблеяи парлумонии Осиё доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён дидору гуфтушунид кард. Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» аз Теҳрон дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳо […]



Дар ҳошияи сафари корӣ ба Эрон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Теҳрон бо дабири куллии Ассамблеяи парлумонии Осиё доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» аз Теҳрон дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳо дар бахшҳои таҳияи қонунҳо, таҳкими робитаҳо тавассути гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон ва Ассамблеяи парлумонии Осиёро баррасӣ кардаанд.

«Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои тақвияти кӯшишҳои Ассамблеяи парлумонии Осиё ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар минтақа, рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист табодули назар намуданд», – зикр кард Султонов.

Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи парлумонии Осиё соли 1999 дар Бангладеш таъсис дода шуд. Дар баробари Тоҷикистон боз 41 кишвари қораи Осиё аъзои он буда, 17 давлат мақоми нозир дар назди Ассамблеяро доро мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".