Бовари раиси ҲСДТ ба президенти Украина интихоб шудани Юлия Тимошенко

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бовар дорад, ки дар маъракаи интихоботии санаи 25-уми май дар Украина Юлия Тимошенко президенти нави ин кишвар интихоб мешавад. «Янукович имкони ночизе дорад ва дар пешбарӣ шудан ба муҳлати нав ҳам қариб имконе надорад. Агар ягон чизи ғайримунтазирае рух надиҳад, Юлия Тимошенко президенти нави Украина мешавад, ҳарчанд фикр […]



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бовар дорад, ки дар маъракаи интихоботии санаи 25-уми май дар Украина Юлия Тимошенко президенти нави ин кишвар интихоб мешавад.

«Янукович имкони ночизе дорад ва дар пешбарӣ шудан ба муҳлати нав ҳам қариб имконе надорад. Агар ягон чизи ғайримунтазирае рух надиҳад, Юлия Тимошенко президенти нави Украина мешавад, ҳарчанд фикр мекунам, ки дар интихоботи президентии санаи 25-уми май на камтар аз 4 номзад бо шумули Кличко, Тягнибок ва Поршенко низ рақобат хоҳанд кард. Сиёсатмадороне чун Ятсенюк, Лутсенко ё Турчинов миёни номзадон ба мақоми президенти Украина ҳузур нахоҳанд дошт», – навиштааст Зойиров дар саҳифаи фейсбукии худ.

Раиси ҲСДТ ба тасдиқи гуфтаҳояш далел меорад, ки аввалан Юлия Тимошенко аллакай имрӯз пешвои бештар бонуфуз дар Украинаи инқилобӣ буда, номзадии ӯ аксари нерӯҳои таъсиргузорро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар қонеъ месозад ва сипас ҳукумати имрӯзаи давраи гузариши Украина низ амалан дар дасти ӯ қарор дорад.

Номбурда ҳамчунин зикр мекунад, ки миёни номзадҳои имокнпазир ба мансаби президенти Украина шахси комилан мақбул барои Русия вуҷуд надошта, он ҳам Юлия Тимошенко ё тоҷир Порошенко буда метавонанд. «Мансаби нахуствазир дар Украинаро яқинан Порошенко соҳиб хоҳад шуд», – мегӯяд Зойиров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.