Дар қазияи «зиёиён» Абдураҳмонов ба зинаи таҷдиди назар умедвор аст

Узви Раёсати Ассотсиатсияи судҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои Ассотсиатсияи судяҳои Тоҷикистон Ватан Абдураҳмонов дар мавриди шарҳи қазияи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки оид ба ин парвнада зинаи судии таҷдиди назар қарори дуруст ва мутобиқ ба қонунро қабул хоҳад кард. «Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки аризаи даъвогӣ нисбати муҳаррири газетаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина […]



Узви Раёсати Ассотсиатсияи судҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои Ассотсиатсияи судяҳои Тоҷикистон Ватан Абдураҳмонов дар мавриди шарҳи қазияи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки оид ба ин парвнада зинаи судии таҷдиди назар қарори дуруст ва мутобиқ ба қонунро қабул хоҳад кард.

«Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки аризаи даъвогӣ нисбати муҳаррири газетаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина беасос аст, зеро дар ин ҳолат ба шаъну эътибори намояндагони мушаххас зиёне нарасида, мафҳуми «зиёӣ» бошад, хеле доманадаор аст. Акнун мебинем, ки идомаи рӯйдод дар ин самт бо чӣ меанҷомад ва зинаи болоии судӣ ба чӣ гуна хулосае мерасад», – иброз дошт Абдураҳмонов ва изҳори умедворӣ намуд, ки «он қарори мутобиқ ба қонунро қабул хоҳад кард».

Дар мавриди ин қазия роҳбари Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров

бар ин назар аст

, ки қарори суд аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» натиҷаи бесалоҳиятии судя набуда, фармоиши мушаххас аз боло аст.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон низ дар робита ба қарори мазкур нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина

изҳороти расмӣ

интишор намуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврал суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» қарор содир намуда, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.