Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо намояндагони Кувайт ва Ҷопон

Санаи 25-уми феврали соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Раиси ширкати кувайтии «Ал-Хурофӣ» Халифа ал-Хурофиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармояи он кишвар ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд. Ба иттилои манбаъ, худи […]



Санаи 25-уми феврали соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Раиси ширкати кувайтии «Ал-Хурофӣ» Халифа ал-Хурофиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармояи он кишвар ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз Сироҷиддин Аслов Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Казуя Суэтаро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ роҷеъ ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои маориф ва рушди захираҳои башарӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳдошт, рушди бахши хусусӣ ва сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.