Боздиди ҳайати ХБА аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Рӯзи 25-уми феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии вазир Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Ҷонатон Данн баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми ММД ва сатҳи таваррум, фаъолияти анҷомдодаи вазорат […]



Рӯзи 25-уми феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии вазир Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Ҷонатон Данн баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми ММД ва сатҳи таваррум, фаъолияти анҷомдодаи вазорат дар шароити узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, суръати рушд дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, савдо ва хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурд ва миёна, истеҳсоли алюминий, нархи маҳсулоти ғайриозуқа, воридоту содироти маҳсулот, аз ҷумла, содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили меваю сабзавот, вазъи интиқоли пулӣ, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисод баён доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.