Ба донишҷӯёни ДМИТ стипендияи президентиро пардохт намекунанд



Донишҷӯёни аълохону пешқадами Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ), ки ба гирифтани стипендияи президентӣ сазовор дониста шудаанд, аз пардохт нашудани ин стипендия муддати 2 сол, яъне аз соли 2012 шикоят доранд.

Яке аз донишҷӯён дар ин робита изҳор намуд, ки бо хоҳиши раҳбарияти донишкада онҳо ду маротиба бо ин мақсад ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ намуда, барои гузаронидани маблағ онҳо бояд ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фиристода мешуданд.

«Моҳи сентябри соли гузашта мо бо ин масъала ба муовини ректори донишкада муроҷиат кардем. Ӯ посух дод, ки фармон дар ин бора содир шуда, вале маблағ алҳол гузаронида нашудааст ва дархост намуд, ки боз каме мунтазир шавем», – гуфт донишҷӯ.

Сардори Раёсати маълумоти олӣ ва баъдидипломии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ Алидод Расулов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки стипендияи президентӣ бояд аз буҷети донишкада пардохта шавад ва Вазорат ба ин масъала ҳеҷ дахле надорад. «Маъмурияти донишкада ба масъалаи на аз ҷониби Вазорат, балки аз воситаҳои худи муассисаи таълимӣ пардохт шудани стипендияро дуруст сарфаҳм нарафтааст», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки ин масъала аллакай ҳаллу фасл шуда, рӯзҳои наздик донишҷӯён шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта ва барои давраи хониши соли равон низ стипендияҳои худро дастас хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми стипендияи президентӣ 660 сомониро ташкил дода, аз Донишкадаи мазкур се нафар донишҷӯён – Садриддин Шарифов (факултаи иқтисоди байнулмилалӣ), Нилуфар Ақдодова (технологияи иттилоотӣ дар иқтисод) ва Ризоӣ Ҷамила (факултаи молияву қарз) ба гирифтани ин стипендия сазовор дониста шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное