Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кунмин, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалоку маҷрӯҳ шуданд, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки «ин фоҷеа бори дигар собит месозад, ки муборизаи беамон бо ин зуҳуроти манфур – терроризм имрӯз вазифаи муҳимтарин ва муштараки кулли инсоният гаштааст».
«Мо дар Тоҷикистон омодаем, ки дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи ҷидду ҷаҳдро ба харҷ диҳем, то ин балоро решакан намоем», – баён мегардад дар барқия.
Дар фарҷоми барқия Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Чин ва наздикону хешовандони қурбоншудагон ҳамдардии самимона ва амиқ изҳор мекунад.








