Ӯзбекистон оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000-ро «бекор» мекунад



Вазорати иқтисоди Ӯзбекистон маълумот дар бораи амалисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) аввали тобистони соли равонро рад мекунад.

«Дар чанде аз нашрияҳои интернетӣ бо истинод ба изҳороти намояндаи ваколатдори Бонки ҷаҳонӣ дар бораи аз 1-уми июли соли 2014 оғоз гардидани амалисозии лоиҳаи CASA-100 маълумот дода шуд, – зикр мегардад дар

иттилои

сомонаи расмии Вазорати иқтисоди ин кишвар. – Ба ин монанд «интишори маълумот» ба канор бурдани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мавқеи асосноки Ӯзбекистон дар робита ба қобили ҳаёт набудан ва хатарнокии ин лоиҳа нигаронида шудаанд».

Дар хабари вазорати мазкур ҳамчунин илова мегардад, ки гуфтушунид ва баррасиҳо оид ба ин масъала бо шарикони хориҷӣ идома доранд.

Ӯзбекистон маротибаи чандум аст, ки муқобили амалисозии лоиҳаи CASA-1000 садо баланд намуда, изҳор мекунад, ки ин лоиҳа «ба меъёрҳои байнулмилалӣ мухолифат дорад».

Ахири соли гузашта вазири иқтисоди Ӯзбекистон Галина Саидова ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, мухолифи амалисозии лоиҳаи CASA-100- изҳори назар карда буд.

Аввали соли равон ноиби президенти БҶ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так дар посух ба муроҷиати вазири ӯзбек изҳор кард, ки таъиноти Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) бо ҳадафҳои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба аз байн бурдани қашшоқӣ ва боло бардоштани сатҳи зиндагӣ мувофиқ аст.

«Гурӯҳи БҶ лоиҳаи CASA-1000-ро ҳамчун иқдоми муҳим дар бунёди низоми пурсамари таъмини тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо нерӯи барқ арзёбӣ мекунад», – баён мегардад дар посухи Лора Так.

Лора Так зикр карда буд, ки зимни баррасӣ ва таҳияи лоиҳаи CASA-1000 Бонк кӯшиш ба харҷ дод, ки ҷараёни он барои ҳама кушодаву шаффоф бошад. Ӯ ба вазири ӯзбек итминон дод, ки дар лоиҳаи CASA-1000 содироти нерӯи барқи зиёдатӣ аз нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавсими тобистон «бидуни назардошти иқтидорҳои нави бунёдшаванда» пешбинӣ гардида, ҳаҷми нерӯи барқи зарурӣ аз ҳисоби таъмиру таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда дар ин кишварҳо ва ҳамчунин коҳиши талафоти барқ ба даст оварда мешавад.

Баҳори соли 2011 сафорати Ӯзбекистон дар Исломобод ба ҳукуматдорони Покистон муроҷиат намуда, дархост кард, ки онҳо аз лоиҳа даст кашанд. Он замон дар номаи намояндагии дипломатии Ӯзбекистон зикр гардида буд, ки натанҳо Ӯзбекистон, балки Қазоқистону Туркманистон ҳам мухолифи ин лоиҳаанд, «зеро Тоҷикистон бобати таъсири сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба муҳити зист ба онҳо ҳисобот пешниҳод накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ва сармоягузори асосии лоиҳа – Бонки ҷаҳонӣ аллакай чандин маротиба дар робита ба ин масъала изҳор намуданд, ки хатти интиқоли барқи ояндаи минтақавӣ барои таҳвили барқ аз нерӯгоҳи Роғун пешбинӣ нашуда, роҳандозии интиқоли он аз иқтидорҳои мавҷуда ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур 1-уми июли соли равон интизорӣ меравад.

spot_imgspot_img

Популярное