Боздошти сокини Панҷ дар пойтахт бо миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир

Аз ҷониби кормандони Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар  рӯ ба рӯ тарабхонаи «Шаҳриёр»-и пойтахт сокини ноҳияи Панҷ Ҷамолиддин Ятимови 20-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови манзили муваққатии истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт 34 […]

ASIA-Plus



Аз ҷониби кормандони Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар  рӯ ба рӯ тарабхонаи «Шаҳриёр»-и пойтахт сокини ноҳияи Панҷ Ҷамолиддин Ятимови 20-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд.


Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови манзили муваққатии истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт 34 килою 420 грамм маводи нашъадори  «ҳашиш», 2 килою 280 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 1-адад тапончаи тамғаи «Макаров» бо 6- дона тир  дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, вазни умумии маводҳои нашъадор 36 килою 700- граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.