Президенти Турманистон ба Тоҷикистон меояд

Президенти Туркманистон нияти сафари расмӣ ба Тоҷикистонро дорад, лекин санаи сафари пешбинишуда зикр нагардидааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, масъалаи зикршуда зимни сафари расмии рӯзи 16-уми апрели вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Туркманисон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. «Зимни машваратҳои баргузоршуда дар фазои ҳусни тафоҳум ҷонибҳо ба масъалаи сафари расмии пешбинишудаи Гурбангули […]

ASIA-Plus



Президенти Туркманистон нияти сафари расмӣ ба Тоҷикистонро дорад, лекин санаи сафари пешбинишуда зикр нагардидааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, масъалаи зикршуда зимни сафари расмии рӯзи 16-уми апрели вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Туркманисон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

«Зимни машваратҳои баргузоршуда дар фазои ҳусни тафоҳум ҷонибҳо ба масъалаи сафари расмии пешбинишудаи Гурбангули Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин ҳошия зарурати таҳкими минбаъдаи муколамаҳои сиёсӣ дар сатҳи олиро таъкид доштанд», – гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Туркманистон.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимухамедов ба ҳузур пазируфт, инчунин мулоқоти С.Аслов бо муовини раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов доир гардиданд.

Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон мавқеи ҳамсон баён доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар пояи усулҳои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ асос ёфта, дар тавсеаи ин муносибатҳо муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нақши муҳимро мебозад.

Ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро дар густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика, маориф ва фарҳанг изҳор намуда, зарурати истифодаи васеи иқтидори кишварҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид сохтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.