Го Шэнкун: Ба кишварҳои узви СҲШ «инқилобҳои ранга» таҳдид мекунанд

– Ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай нерӯҳои беруна таҳдид доранд, ки ба роҳандозии «инқилобҳои ранга» ташаббус нишон хоҳанд дод, – изҳор кард вазир амнияти Чин Го Шэнкун зимни вохӯрии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмон дар Душанбе. Ӯ қайд кард, ки нерӯҳои хориҷ бо истифода аз мухолифат ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ баҳри сарнагун сохтани […]

Пайрав Чоршанбиев



– Ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай нерӯҳои беруна таҳдид доранд, ки ба роҳандозии «инқилобҳои ранга» ташаббус нишон хоҳанд дод, – изҳор кард вазир амнияти Чин Го Шэнкун зимни вохӯрии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмон дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки нерӯҳои хориҷ бо истифода аз мухолифат ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ баҳри сарнагун сохтани ҳукумат ба роҳандозии мавҷҳои нави «инқилобҳои ранга» кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

«Ин ба соҳибистиқлолӣ ва амнияти кишварҳои минтақа хатари зиёд дошта, боиси нигаронии ҳамаи кишварҳои узви СҲШ аст», – гуфт вазири Чин.

Ба гуфтаи Го Шэнкун,  баҳри муқовимат бо амалҳои дахолат ба корҳои дохилии кишварҳо муттаҳидсозии кӯшишҳо ва таҳияи тадбирҳои муштарак аз ҷониби кишварҳои СҲШ зарур аст. Ӯ даъват кард, ки идоракунии фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ пурзӯр ва ҳамчунин ба назорати шабакаҳои иҷтимоӣ тақвият бахшида шавад, то ки «бо мақсади таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа аз сенарияҳои такрори «инқилобҳои ранга» саривақт пешгирӣ карда шавад».

Қобили зикр аст, ки айни замон ба ҳайати СҲШ кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.