Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов озими ноҳияи Панҷ шуда, сокинони ин ноҳияро ба ҳузур хоҳад пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, тибқи нақшаи корӣ оид ба қабули шаҳрвандон, рӯзи 19-уми апрел дар бинои ҳукумати маҳаллӣ Д.Гулмаҳмадов бо сокинони маҳаллӣ суҳбат мекунад.
Дар ин сафар раиси вилоятро роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву муассисаҳо, хадамоту идораҳои гуногуни вилоят ва намояндагони васоити ахбори умум ҳамроҳӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ҳар моҳ раиси вилояти Хатлон дар ин ё он ноҳия сокинони маҳаллиро ба ҳузур мепазирад. Қабули охири Давлатшо Гулмаҳмадов дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир гардида буд.



