Мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳри Истаравшан ҳангоми порагирӣ дастгир шуд

Date:


Хуҷанд. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳри

 

Истаравшан Ҳафиз Ҷумъаев ҳангоми порагирӣ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, ки Ҳ.Ҷумъаев ҳангоми маротибаи дуввум гирифтани 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ аз шаҳрванд барои ҷудо намудани қитъаи замин дастгир карда шудааст.




«Ӯ маротибаи аввал аз шаҳрвнанд ҳамин миқдор маблағ гирифта, ваъда медиҳад, ки ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад, вале бо баҳонаҳои зиёде асноди онро омода насохта, боз 1,5 ҳзор доллари амрикоӣ талаб мекунад ва зимни гирифтани он дастгир карда мешавад», – гуфт сарчашма. Шаҳрванди порадода ба мақомот хабар медиҳад ва зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ Ҳ.Ҷумъаев боздошт шуда, ба ҳабс гирифта мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...