Ғалабаи бузурги «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ бар КМВА «Помир»

Даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26-уми апрел бо ду бозӣ шурӯъ шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитиаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ҳарду бозӣ бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт. Бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд – «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бидуни гол ба охир расид. Бозии дигар миёни ду дастаи шаҳри Душанбе –  «Истиқлол» […]

ASIA-Plus



Даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26-уми апрел бо ду бозӣ шурӯъ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитиаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ҳарду бозӣ бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт. Бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд – «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бидуни гол ба охир расид. Бозии дигар миёни ду дастаи шаҳри Душанбе –  «Истиқлол» ва «Энергетик» – бо ҳисоби 2:2 поён ёфт.

Ба иттилои манбаъ, ду бозии дигари даври сеюм рӯзи якшанбеи 27-уми апрел баргузор шуда, дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе аз тими меҳмон – Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – бо ҳисоби бузурги 0-3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаи мизбон – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.

Гуфта мешавад, бозии охирини ин давр имрӯз, 28-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Равшан» – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.