Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус ва Қирғизистон ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлати Тоҷикистонро ёвари президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бино ба иттилои интишоршудаи Кремл, дар доираи вохӯрии Маскав ҳузури меҳмонон дар тамрин оид ба идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар назар аст.
Дар иттилои хадамоти матбуоти президенти Русия зикр мегардад, ки гуфтушунидҳои дуҷонибаи Владимир Путин бо чанде аз сарони кишварҳои дар вохӯрӣ ҳузурдошта пешбинӣ шудааст.
«Дар навбати аввал муносибатҳои дуҷониба бо ин кишварҳо ва масъалаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуда, вале бо итминон метавон гуфт, ки атрофи вазъ дар Украина низ сарони кишварҳо табодули назар хоҳанд кард», – гуфтааст котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.



