Путин Раҳмонро бо солгарди Иди Ғалаба табрик кард

Президенти Русия Владимир Путин сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ ва шаҳрвандони кишварҳои Гурҷистон ва Украинаро ба муносибати 69-умин солгарди ҷашни Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик кард. Дар ин бора сомонаи расмии Кремл хабар медиҳад. Дар паёмҳои табрикотӣ Владимир Путин таъкид доштааст, ки «корнамоии падару […]

Меҳрангез Турсунзода



Президенти Русия Владимир Путин сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ ва шаҳрвандони кишварҳои Гурҷистон ва Украинаро ба муносибати 69-умин солгарди ҷашни Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик кард. Дар ин бора

сомонаи расмии Кремл

хабар медиҳад.

Дар паёмҳои табрикотӣ Владимир Путин таъкид доштааст, ки «корнамоии падару бобоҳои мо, ки барои насли оянда якпорчагии ватан ва сулҳро таъмин намуданд, саҳифаи қаҳрамонии таърихи умумии мост ва қарзи раҳбарияти кишварҳо дар он ифода меёбад, ки ҳақиқати таърихро дар бораи рӯйдодҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гиромӣ нигоҳ доранд, собиқадоронро бо ғамхорӣ фаро гирифта, ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ тарбия намоянд».

Президенти Русия изҳори итминон кардааст, ки хотираи умумӣ дар бораи Ғалабаи Бузург ҳамеша ба таҳкими дӯстӣ миёни халқҳо асос буда метавонад.

Ҳамчунин Владимир Путин ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба онҳо умри бардавому рӯзгори хушу осуда орзу намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.