Роҳи мошингарди Исфара – Ворух боз шуд

Роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки пас аз муноқишаи ахир дар марзи давлатӣ ва осеб дидани 60 нафар аз ҳарду тараф бар асари он аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон баста шуда буд, аз 9-уми май барои ҳаракат боз шуд. Дар бора як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод. «Миёни аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишини ҳарду тараф оид […]

ASIA-Plus



Роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки пас аз муноқишаи ахир дар марзи давлатӣ ва осеб дидани 60 нафар аз ҳарду тараф бар асари он аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон баста шуда буд, аз 9-уми май барои ҳаракат боз шуд. Дар бора як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.

«Миёни аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишини ҳарду тараф оид ба минбаъд роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо ва пешгирии вазъи нооорому ташвишовар дар марзи давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, санаи 8-уми май миёни намояндагони хадамотҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон мулоқот доир гардида дар он масъалаи ба ифоқа овардани вазъи мавҷуда дар марз баррасӣ шудаанд. «Нуқтаҳои гузаргоҳҳо дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд», – иттилоъ медиҳад хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя.

Қаблан хадамоти мазкур

иттилоъ дода буд,

ки дар маҳаллаи аҳолинишини Қизил-Бел (Қирғизистон), ҳудуди 500 метр дуртар аз гузаргоҳи марзии «Қизил-Бел автодорожный» ва дар маҳаллаи аҳолинишини Оқсой (ҶҚ) аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон роҳи мошингарди Исфара – Ворух баста аст.

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои шоми рӯзи 7-уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.

Дар ҳамин ҳол, гуфтушуниди навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои марбут ба марзи давлатӣ рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.