Тӯраҷонзода: Тоҷикистон бояд дар амалиёти сулҳовар дар Украина иштирок кунад



– Агар Русия дар Украина амалиёти сулҳоварона барпо кунад, Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии Русия бояд дар он иштирок кунад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

«Ба эътиқоди ман, дастгирӣ кардани Русия дар масоили умдаи байнулмилалӣ ба манфиати худи Тоҷикистон аст», – зикр кард Тӯраҷонзода.

Ба андешаи ӯ, имрӯз Украина мисли Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандӣ дар доираи мухолифиатҳои Ғарб ва Шарқ қарор гирифта, сиёсати таблиғоти ҷудоиандозӣ дар ин кишвар ба воқеъият табдил ёфтааст.

«Сиёсати бетарафии чанде аз шарикони Русия дар қаламрави пасошӯравӣ оид ба вазъ дар Украина, ки онро мароми худ қарор додаанд, дар ноил гардидан ба сулҳу осоиш дар ин кишвар ҳеҷ манфиате ба бор намеоварад», – чунин мешуморад Тӯраҷонзода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон амалиёти нерӯҳои сулҳовари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил на ҳамеша ба манфиати ҷонибҳои мухолиф нигаронида шуда буданд, вале сарфи назар аз ин, онҳо дар расидан ба сулҳу созиш нақши муҳим бозиданд.

spot_imgspot_img

Популярное