Сокинони 6 хонаи кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт аз он дар ташвишанд, ки дар ҳавлии назди манзили онҳо ба ҷойи майдони кӯдакон хонаи истиқоматии баландошёна сохта мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» сокини яке аз ин хонаҳо Адолат Сатторова хабар дод, ахири моҳи апрел шахсони номаълум ба ҳавлии манзили зисти онҳо омада, майдон барои кӯдаконро аз назар мегузарониданд ва ба саволҳои аҳолӣ посух мегуфтанд, ки майдони кӯдаконро аз нав сохтанианд.
«Гоҳе мегуфтанд, ки майдони нав барои кӯдакон месозанд ва гоҳи дигар изҳор мекарданд, ки майдони бозии футбол бунёд мекунанд. Танҳо пас аз атрофи қитъаро панҷара гирифтан мо огоҳ шудем, ки онҳо манзии зисти нави баландошёна сохтанӣ будаанд», – мегӯяд ӯ.
Ба қавли номбурда, танҳо дар бинои хонаи №12 ҳудуди 140 нафар кӯдакон ва ҳамчунин 5 нафар маъюбону иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ доранд, ки шомгоҳон ба ин майдон баромаданро хуш доштанд ва кӯдакон ба бозиҳои гуногун машғул гардида, пиронсолон дар харакҳо зери сояҳои дарахтон ҳаловат мебурданд.
Акнун сокинон аз он дар ташвишанд, ки дигар барои кӯдакони онҳо ҷойи бозӣ намемонад, зеро ҷойҳои боқимонда аллакай бо автомашинаҳо пуранд.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқи ҳуҷҷатҳое, ки «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад, қитъаи мазкур бо майдони 0,12 гектар бо қарори мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ширкати сохтмонии ҶДММ «Тибби суҳайб» дода шудааст. Бино ба ин ҳуҷҷатҳо, ширкат бояд дар ин ҷо хонаи баландошёна сохта, дар таҳхонаи бино истгоҳи автомашинаҳо ва дар ошёнаҳои поёнӣ супермаркет ва маркази солимӣ бунёд мегардад.



