Рӯзи 23-юми майи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров бо намояндаи Маркази тадқиқотии шоҳигарии Британияи Кабир хонум Аннет Бор баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмонон дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва афзудани рафтани мусодираи ҳашиш дар қаламрави Тоҷикистон маълумот дод.
Роҳбари Агентӣ нисбати натиҷаҳои мулоқоти “Муколамаи Душанбе”, ки охири моҳи ноябри соли гузашта бо иштироки сарони идораҳои зиддимухаддиротии 12 кишвар баргузор гардида буд, иттилоот дод.
Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мубориза бар зидди маводи нашъаовари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғон 246 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид.
Инчунин, Директори Агентӣ дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар, чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар якҷоягӣ бо ҳампешагони кишвари ҳамсоя баргузор шуда буд, нақл кард.
Сипас роҳбари Агентӣ доир ба ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод, ки яке аз онҳо Фармони Президенти ҶТ “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, ки дар соли 2013 қабул гаштаааст буда, мақсади асосии он аз коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунини маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, оқибатҳои фоҷеавори муомилоти ғайриқонунӣ, ки ба солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат зарар мерасонанд, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ иборат мебошад.



