Боздиди намояндаи маркази таҳқиқотии бритониёӣ аз АНМН

Рӯзи 23-юми майи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров бо намояндаи Маркази тадқиқотии шоҳигарии Британияи Кабир хонум Аннет Бор баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмонон дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли паст рафтани миқдори […]



Рӯзи 23-юми майи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров бо намояндаи Маркази тадқиқотии шоҳигарии Британияи Кабир хонум Аннет Бор баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмонон дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва афзудани рафтани мусодираи ҳашиш дар қаламрави Тоҷикистон маълумот дод.

Роҳбари Агентӣ нисбати натиҷаҳои мулоқоти “Муколамаи Душанбе”, ки охири моҳи ноябри соли гузашта бо иштироки сарони идораҳои зиддимухаддиротии 12 кишвар баргузор гардида буд, иттилоот дод.

Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мубориза бар зидди маводи нашъаовари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғон 246 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид.

Инчунин, Директори Агентӣ дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар, чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар якҷоягӣ бо ҳампешагони кишвари ҳамсоя баргузор шуда буд, нақл кард.

Сипас роҳбари Агентӣ доир ба ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод, ки яке аз онҳо Фармони Президенти ҶТ “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, ки дар соли 2013 қабул гаштаааст буда, мақсади асосии он аз коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунини маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, оқибатҳои фоҷеавори муомилоти ғайриқонунӣ, ки ба солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат зарар мерасонанд, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.