Зимни баргузории як амалиёти махсуси кормандони милиса дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди қаблан ҳам барои содир намудани ба ин монанд ҷиноят маҳкумшуда Анвар Аминови 52-сола боздошт шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз боздоштшуда ҳудуди 5 кило маводи мухаддири ҳашиш ва 623 грамм героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни як чорабинии фаврии дигар дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Вахш Ҷумъахон Маҷидови 43-сола дастгир гардида, зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 700-грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки вазни умумии маводи нашъадори мусодиракардашуда 7 килою 242-граммро ташкил дода, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаааст ва тафтишот идома дорад.



