Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар изҳороти рӯзи 24-уми майи интишорнамудаи худ зикр мекунад, ки соати 00:43 дақиқаи шаби 24-уми майи соли 2014 шахсони номаълум дар ду автомошинаи сабукрав кӯшиши ҳамла ба бинои маъмурии Раёсатро карда, гранатаи дастии навъи «РГД-5»-ро ба сӯйи дарвозаи бино партофтанд. Дар натиҷаи чунин амалиёти террористӣ таркиш ба амал омад. Ҳамчунон аз яроқи тамғаи Калашников ба бинои маъмурии Раёсати КДАМ ҳуҷум карданӣ шуданд.
«Дастаи посбонии Раёсат, мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, бо мақсади пешгирии талафоти ҷонии ҳайати шахсӣ ва муҳофизати объекти махсусан муҳими давлатӣ аз яроқи оташфишон истифода кард. Дар натиҷа яке аз ҳуҷумкунандагон Паллаев Азамат, с.т. 1994, зода ва истиқоматкунандаи хонаи 24-и кучаи Қирғизстони ш.Хоруғ дар ҷойи ҳодиса захм бардошта, ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, иштирокчиёни ин амали террористӣ Ноёбшоев Аслишоҳ, с.т. 1986, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Сучони ноҳияи Шуғнон ва Айдарбеков Наврӯз, с.т. 1997, зода ва истиқоматкунандаи хонаи 36-и кўчаи Айнии ш.Хоруғ бинобар гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхонаи марказии вилоятӣ бистарӣ гаштанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса қисматҳои таркидаи гранати ҷангии РГД-5 ва теъдоди зиёди гилзаҳои қутраш 5, 45–и автомати «Калашников» ва пистолети тамғаи «Макаров» дарёфт ва дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд», – омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна иғвоангезӣ ва эҷоди беэътимодӣ байни намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, Раёсати КДАМ дар ВМКБ аз сокинони шаҳри Хоруғ қотеъона талаб мекунад, ки оромию эътидолро нигоҳ дошта, аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонуние, ки ба амният ва сулҳу субот таҳдид ворид месозанд, ҷиддан худдорӣ намоянд.
«Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ бо қотеъияти том изҳор медорад: Ба тамоми кӯшишҳои ашхос ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба мақсади зарар расонидан ба кормандони КДАМ, шахс, чамъият ва объектҳои муҳими давлатӣ равона карда мешаванд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон посухи сазовор дода мешавад», – таъкид мешавад дар изҳорот.



