Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Италия дар Душанбе



Рӯзи 26 майи соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Риккардо Манара барпо гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди  ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италияро баррасӣ намуданд. Дар робита ба ин, махсусан иқтидори ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои  тиҷорат ва туризм қайд карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин мусоҳибон роҷеъ ба вазъият дар Афғонистон ва дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное