«Тоҷик Эйр» ба парвоз тариқи хатсайри Хуҷанд – Иркутск оғоз мекунад

Шурӯъ аз 13-уми июни соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба парвозҳои мунтазам тариқи хатсайри Хуҷанд – Иркутск оғоз мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, парвоз тавассути хатсарйи Хуҷанд – Иркутск – Хуҷанд ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа бо ҳавопаймои Боинг 757 анҷом дода мешавад. Қаблан ширкат парвоз тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе […]



Шурӯъ аз 13-уми июни соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба парвозҳои мунтазам тариқи хатсайри Хуҷанд – Иркутск оғоз мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, парвоз тавассути хатсарйи Хуҷанд – Иркутск – Хуҷанд ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа бо ҳавопаймои Боинг 757 анҷом дода мешавад. Қаблан ширкат парвоз тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе – Иркутскро ба иҷро мерасонид, лекин он баста шуд.

Ба иттилои манбаъ, вақти парвоз аз фурудгоҳи Хуҷанд 07-50 дақиқаи вақти маҳаллӣ муқаррар шуда, муддати парвоз то нуқтаи таъиншуда 4 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад ва арзиши билет барои 1 тараф аз 250 евро оғоз мегардад.

«Ғайр аз ин, моҳи июн ширкати «Тоҷик Эйр» парвозҳо аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Екатеринбург ва Самараи Русияро дубора барқарор мекунад. Интизорӣ меравад, ки парвоз тариқи хатсайри Хуҷанд – Екатеринбург – Хуҷанд аз 6-уми июн рӯзҳои душанбеи ҳафта ва Хуҷанд – Самара – Хуҷанд аз 9-уми июн рӯзҳои ҷумъаи ҳафта ба роҳ монда мешаванд. Арзиши билет ҳам ба Самара ва ҳам Екатеринбург аз 220 евро шурӯъ мешавад», – гуфтанд дар ширкати «Тоҷик Эйр».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.