Вохӯрии раиси Маҷлиси миллӣ бо ноиби президенти КБСС

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл ноиби президенти Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) Кристина Берлиро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хзабар дод, М.Убайдуллоев ба ноиби президенти КБСС барои дастгирии доимии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон минбаъд […]



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл ноиби президенти Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) Кристина Берлиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хзабар дод, М.Убайдуллоев ба ноиби президенти КБСС барои дастгирии доимии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба рушди муносибатҳо бо ин созмони бонуфузи байнулимлалӣ омода аст.

«Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои безараргардонии минаҳо, расонидани кумак ба маъюбон, пешгирии зуҳуроти нашъамандӣ, дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ, ташкили курсҳои омӯзиши касбҳо барои занони хонашин ва таъминот бо таҷҳизоти тиббиро низ мавриди барраси қарор доданд», – афзуд Ш.Саидов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.