Кумакпулии президент ба занон-хизматчиёни ҳарбии дар гузашти низомӣ иштирокдошта

Аз фонди захиравии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасмандсозии занон-хизматчиёни ҳарбии дар гузашти низомӣ бахшида 20-умин солгарди нерӯҳои марзбонии кишвар иштирокдошта 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз ба итмом расидани маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона, ки рӯзи 26-уми май дар маҷмааи «Кохи […]



Аз фонди захиравии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасмандсозии занон-хизматчиёни ҳарбии дар гузашти низомӣ бахшида 20-умин солгарди нерӯҳои марзбонии кишвар иштирокдошта 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз ба итмом расидани маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона, ки рӯзи 26-уми май дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ доир гардиду имрӯз ҷашн гирифта мешавад, Эмомалӣ Раҳмлн дастур додааст, ки ба ҳар кадоме аз занон-хизматчиёни ҳарбии дар гузашт иштирокдошта 1000-сомонигӣ маблағи пулӣ ҷудо карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар гузашти низомӣ ба ифтихори 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор сарбозону афсарон, аз ҷумла 600 нафар занон-хизматчиёни низомӣ, зиёда аз 100 адад техникаи зиреҳпӯш ва мошинҳои махсус ширкат варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.