Тоҷикистон эҳёи Роҳи Абрешимро дастгирӣ мекунад



Рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ дар маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Ланҷоу ҳамоиши Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) доир ба эҳёи Роҳи Абрешим баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи ифтитоҳии ин ҳамоиш роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷаҳони имрӯз, новобаста ба пешрафтҳои бузурги техникиву технологӣ, мубталои ҷангу низоъҳо, ноустувориҳои иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ ва чолишҳои муҳитзистӣ буда, то кунун монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди савдову тиҷорат ва табодули фарҳангӣ боқӣ мондаанд.

«Аз ин рӯ, замони муосир ба эҳъёи анъана ва фалсафаи Роҳи Бузурги Абрешим, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва табодули фарҳангиву тиҷоратиро дар тӯли асрҳо талқин мекард, ниёз дорадва бино бар ин, Тоҷикистон эҳёи Роҳи Абрешим ва бунёди навори иқтисодиро дар тӯли он дастгирӣ менамояд», – таъкид доштааст муовини вазир.

Ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҳамоиш нақши Муколамаи ҳамкории Осиёро дар эҳъёи Роҳи Абрешим мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба ин, бунёди шабакаи ягонаи нақлиётиву коммуникатсионии пайвасткунандаи кишварҳои воқеъ дар Роҳи Абрешим, ташаккули ҳамёрии энергетикии аъзои МҲО, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва сохтани Роҳи Абрешими “сабз”, мусоидат ба муколамаи фарҳангҳо дар фазои МҲО аз тариқи тавсеаи равобити инсонҳо ва рушди сайёҳӣ ба ҳайси самтҳои ҳамкории кишварҳои узви МҲО, ки ба эҳёи Роҳи Абрешим мусоидат мекунанд, муайян гардиданд.

Гуфта мешавад, тасмим гирифта шудааст, ки ба ҳамкории кишварҳои аъзои МҲО аз рӯи самтҳои мазкур идома бахшида шавад.

spot_imgspot_img

Популярное