БМТ тағйирот ба қонун «Дар бораи гарави амволи манқул»-ро пешниҳод мекунад

Гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи гарави амволи манқул» кори таҳияи лоиҳаи қонунро амалан ба итмом расониданд. Аз Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон (АБТ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайироту илова ба таъмини тавозуни манфиатҳои ҳамаи тарафҳои муносибатҳои […]



Гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи гарави амволи манқул» кори таҳияи лоиҳаи қонунро амалан ба итмом расониданд.

Аз Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон (АБТ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайироту илова ба таъмини тавозуни манфиатҳои ҳамаи тарафҳои муносибатҳои гаравӣ, мушаххас кардани механизми ин муносибатҳо, беҳтар кардани дастрасӣ ба сарчашмаҳои моливӣ равона гардидаанд.

«Агар дар қонуни амалкунанда тартиби муроҷиат барои рӯёнидани амволи ба гарав гузошта возеҳ баён нагардида бошад, дар лоиҳаи нави қонун мо зина ба зина ва ҷузъиёти дигари тартиби муроҷиатро пешниҳод мекунем», – гуфтанд дар Ассотсиатсия.

Ба иттилои манбаъ, агар ба бонк ҷузъиёти муфассали тартиби муроҷиат оид ба рӯёнидани амволи гарав дастрас бошад, дар ҳолати аз баргардонидани қарз даст кашидани қарзгиранда ва мутмаин будани бонк ба солҳои тӯлонӣ идома наёфтани он, ин мутаносибан пешниҳоди воситаҳои молиявӣ аз ҷониби бонкҳоро осонтар мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» санаи 1-уми марти соли 2005 қабул шуда, қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи гарави амволи манқул ба Сарқонун асос меёбад ва бо назардошти меъёрҳои Кодекси гражданӣ, қонунҳо ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии ҶТ, ҳамчунин асноди ҳуқуқии байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида танзим мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.