Ба Кабирӣ бо помидору тухм ҳамла карданд

Имрӯз, 10 июн, баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб болои раис ва ҳайати ҲНИТ ҳамла сурат гирифт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода гуфтааст, баъди анҷоми вохӯрӣ, зимни баромадани таҷаммӯи мардуми ба вохӯриомада аз манзили Мушаммадшарифи Набӣ болои эшон ҳамла сурат гирифта, ба сӯйи эшон тухми мурғу помидор ҳаво додаанд. […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 10 июн, баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб болои раис ва ҳайати ҲНИТ ҳамла сурат гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода гуфтааст, баъди анҷоми вохӯрӣ, зимни баромадани таҷаммӯи мардуми ба вохӯриомада аз манзили Мушаммадшарифи Набӣ болои эшон ҳамла сурат гирифта, ба сӯйи эшон тухми мурғу помидор ҳаво додаанд. Ба гуфтаи ӯ, масъулини ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ҳузури масъулини амниятиро миёни онҳое, ки ба раис ва ҳайати ҳизбӣ ҳамла кардаанд, шинохтанд.

Ҳамзамон Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода иброз доштааст, ки теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимоле вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.

Ӯ зикр кардааст, ки дар саргаҳи роҳбандон мошинҳое бо арқоми давлатии 63 66, 43 44, 33 22 қарор доштанд. «Баъди ба мошин савор шудани ҳайат моро сангборон низ карданд, аммо хушбахтона, ба касе осеб нарасид», – афзудааст Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки 27 феврали соли ҷорӣ ҳам зимни доир гаштани ҷаласаи фаъолони ҳизб дар шаҳри Кӯлоб ду зан назди бинои шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ғавғо бардошта, хостанд, то бо ин амалашон монеи гузаронидани нишаст шаванд, аммо натавонистанд ба ҳадаф бирасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.