Тайи дур рӯзи ахир дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» дар вилояти Суғд 38 ҳазору 465 бех ниҳоли худрӯи дорои маводи нашъаовари бангдонаи ҳиндӣ дарёфт ва решакан карда шуд.
Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар қаламрави хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – беш аз 2 ҳазор бех, «Дилшод»ва «Мақсудахон»-и ноҳияи Конибодом мутаносибан – 2 ҳазор ва 1 ҳазор бех, заминҳои бригадаи №3-и ҶС «Э.Бойматова» – 3 ҳазор бех, заминҳои сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зинат Абдуманнонова – 520 бех, заминҳои сокини ҳамин ноҳия Олим Қобилов – 835 бех ва қаламрави хоҷагии деҳқонии «Пирматов»-и ноҳия мазкур – 2 ҳазору 100 бех ниҳоли бангдонаи худрӯи ҳиндӣ дарёфт ва нобуд карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, муддати 10 рӯз аз оғози амалиёт дар вилояти Суғд 30 ҳазору 257 бех ниҳоли маводи нашъаовари зикршуда дарёфт ва решакан шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки аз аввали моҳи май дар қаламрави вилояти Суғд баргузории амалиёти «Кӯкнор-2014» оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Амалиёт аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи 18 шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.



