Нигаронии дафтари Иттиҳоди Аврупо аз бедаракшавии Александр Содиқов

Намояндагии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бедарак шудани Александр Содиқов, докторанти Донишгоҳи Торонто ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Эксетер дар натиҷаи боздошти ӯ дар ш. Хоруғ рӯзи 16 июни соли 2014, инчунин ҷиҳати дастнорасии ахборот ба аҳли оила оиди тансиҳатӣ ва макони боздошти ӯ изҳори нигаронӣ менамояд. Дар изҳороти дар робита интишоршудаи дафтари Итттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Намояндагии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бедарак шудани Александр Содиқов, докторанти Донишгоҳи Торонто ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Эксетер дар натиҷаи боздошти ӯ дар ш. Хоруғ рӯзи 16 июни соли 2014, инчунин ҷиҳати дастнорасии ахборот ба аҳли оила оиди тансиҳатӣ ва макони боздошти ӯ изҳори нигаронӣ менамояд.

Дар изҳороти дар робита интишоршудаи дафтари Итттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки намояндагии ИА муроҷиат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мекунад, то ахбороти заруриро ба наздикони Содиқов бетаъхир пешниҳод намояд ва ҷиҳати вазъи боздошт ва бедаракшавии ӯ равшанӣ бахшад.

Гуфта мешавад, намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳороти мазкурро бо ризогии Сарони сафоратҳои ИА дар Тоҷикистон дарҷ менамояд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.