Дар Ваҳдат корхонаи хиштбарории «Эверест Лонг» ба истифода дода шуд



Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи хиштбарории ҶСК «Эверест Лонг» ба истифода дода шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, дар ин корхона, ки сохтмонаш баҳори соли 2013 шурӯъ гардида буд, ҳудуди 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.

«Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 10 млн. дона хишт дар як солро ташкил дода, корхона аз ҳисоби маблағи сармоягузорони маҳаллӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА бунёд гардид», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 100 корхонаи хурду миёна ва ҳамчунин коргоҳҳои истеҳсоли хишти хом ва пухта ба истеҳсоли хишт машғуланд. «Айни замон корхонаҳои ватанӣ талаботи кишвар ба хиштро комилан таъмин намуда, ба ҷуз хиштҳои оташтобовар барои сохтмони корхонаҳои сементбарорӣ, дигар навъи хишт аз хориҷи кишвар ворид карда намешавад», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 130 млн. дона хишт истеҳсол карда шуда, бо назардошти мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон, дар вазорат умедворанд, ки имсол истеҳсоли он то ба 140 млн. дона расонида мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное